Дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шуд
Ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфаи обу энержӣ сар аз имрӯз, 26-уми октябр дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ё худ лимитро ҷорӣ кардааст.
Тавре Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.
Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ 10-уми октябр ҷорӣ гардида буд. Дар Тоҷикистон ҳамасола ба далели камбуди барқ дар фасли зимистон, зимни таъмини мардум бо нерӯ маҳдудияти барқ ҷорӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |