Зодгоҳи президент тағйири ном кард
Исми зодгоҳи раиси ҷумҳури пешини Туркманистон Сапармурод Ниёзовро тағир доданд.
Тавре расонаҳои ин кишвар менависанд, шаҳраки Қипчоқ, ки аввалин президенти Туркманистон моҳи феврали соли 1940 он ҷо ба дунё омадааст, ба ноҳияи Рухобод тағири ном кардааст. Ин шаҳрак дар 15 километрии Ашхобод ҷойгир буда ва дар доираи васеъ намудани қаламрави пойтахти Туркманистон ба ҳудуди маъмурии он ворид шудааст.
Гуфта мешавад, акнун сокинони ин манотиқ муваззафанд, дар шиносномаҳои худ муҳри нави қайдро бо исми нави шаҳрак бизананд. Шӯъбаи пулис барои муҳр 10 манат, муодили 3,50 доллар мегирад. Ин арзиши расмӣ аст. Ба навиштаи торнамои "Хроника Туркменистана" сокинон аз арзиши ин хизматрасонӣ нигаронӣ мекунанд, ба вижа хонаводаҳое, ки 7-8 шаҳрванди ба балоғатрасида доранд.
Аммо бидуни ин муҳр дар шиноснома дарёфти ҳеч санад, гирифтани қарз, харидории билети ҳавопаймо ё қатор ва ба ин монанд имконпазир нест.
Мавзолеи Туркманбошӣ, оромгоҳи рамзии волидону бародарони ӯ, ҳамчунин масҷиде, ки замони зинда будани Сапармурод Ниёзов бунёд шудааст, аз ёдгориҳои аслии Қипчоқанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |