Бозии ҷавобии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор мегардад
Бозии ҷавобии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи расмии футболи Қирғизистон Мунтахаби миллии футболи ин кишвар бозии дӯстонаеро бо тими миллии футболи Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Манбаъ, навиштааст ин бозӣ рӯзи 19-уми ноябр дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Дастаи миллии Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 10 бозӣ ба анҷом расонидаанд, ки 7 дидор ба манфиати мунтахаби тоҷик анҷом ёфта, як мусовӣ ва дар ду бозӣ мағлуб шудааст. Мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои қаблӣ 16-гол ва мунтахаби Қирғизистон 8-гол задааст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби миллии футоли Тоҷикистону Қирғизистон бори охир 15-уми октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Долона Омурзаков”-и шаҳри Бишкек дар як бозии дӯстона бо ҳам рақобат карданд, ки Мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:4 пирӯз шуда буд.
Федератсия футболи Қиғизистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми АФК-2014--Конфедератсияи футболи Осиё ба ҷуз Мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаҳои миллии футболи Индонезия, Озорбойҷон ва Қувайт бозиҳои дӯстона анҷом диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |