Путин дини Исломро ҷузъи муҳими фарҳанги Русия номид
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дини Исломро яке аз унсурҳои муҳим ва чашмгири сохтори фарҳанги кишвараш хондааст.
Путин, ки рӯзи 22 окятбр дар ҷашни 225-умин солгарди Идораи муфтиёти мусулмонони Русия дар шаҳри Уфа дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, Ислом нуқтаи дурахшони фарҳанги Русия ба шумор рафта, дар таърихи ин кишвар сиёсатмадорон, донишмандон ва тоҷирони мусулмон зиёд ҳастанд, ки нақши чашмгир доранд. Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, имрӯз мазоҳиби саросари ҷаҳон, аз ҷумла исломӣ ба самти сиёсӣ шудан равона мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина чолишҳое вориди Русия ва ҷомеаи мусулмонони он шудааст: “Аз ин рӯ, бояд ҳукумат ва миллат тариқи ҳамкорӣ бо якдигар барои пирӯз шудан ба ин чолишҳо талош кунанд.”
Путин афзудааст, ҳоло танишҳо миёни Ғарб ва ҷаҳони Ислом рӯ ба афзоиш оварда, бархеҳо мехоҳанд ин мавзуъро ба бозӣ гиранд. Вале мо ба ин оташбозӣ алоқамандие надорем. Инчунин Владимир Путин дар ин дидори худ бо рӯҳониёни кишвараш хостори таъсиси дубораи мадрасаи динии исломӣ дар Русия шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки бояд дар кишвараш мактаби миллии омӯзиши дини Ислом дубора таъсис дода шавад, то ҳокимияти фазои мазҳабии Русияро таъмин кунад.
Раисиҷумҳури Русия ба рӯҳониёни исломии кишвараш таъкид кардааст, ки бояд садои рӯҳониёни исломии рус дар арсаи ҷаҳони Ислом нисбат ба дигарон баланд шунида шавад. Ӯ ҳамзамон қайд кардааст, ки ҳоло дар Шарқи наздик ва ҷаҳони Ислом “эҳтиёҷ” ба ҳузури Русия рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд фаъолтар бошему он лоиҳаҳое, ки боиси марги инсоният, кишварҳову мардумро ба қаллобӣ мебарад ва маълумоте ки бо афкори ҷомеа таъсир мерасонад, нобуд созем.
Дини Ислом аз нигоҳи шумораи пайравонаш баъд аз масеҳият дар Русия мақоми дувумро касб мекунад. Бар асоси манобеи интернетӣ, ҳоло дар ин кишвар 14,5 миллион мусулмон ба сар мебаранд, ки асосан дар Чеченистон, Тотористон, Доғистон, Бошқирдистон, Қабардино-Балкар ва Карачаево-Черкесия ҷой гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |