Вакилон мехоҳанд муҳлати ҳузури муҳоҷирон ба Русия ду маротиба коҳиш ёбад
Муҳлати ҳузури бидуни раводиди хориҷиён ба қаламрави Русия аз 90 ба 45 рӯз коҳиш дода шавад. Бо чунин пешниҳод вакилони ҳизби “Русияи воҳид” баромад хоҳанд кард, навиштааст “Комерсант”.
Ба иттилои манбаъ, ин пешниҳояд як навъ посух ба ҳаводиси Бирёлево мебошад. Гуфта мешавад, тарҳи ин қонунро ба Думаи давлатӣ Ирина Ярова, раиси Кумита оид ба амният ва Александр Хинштейн ва Эрнст Валеев, муовинони ӯ ироа кардаанд.
Муаллифони тарҳ муътақиданд, ки ин чиз “кафолати иловагии таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Русия” хоҳад буд.
Эрнст Валеев гуфтааст, агар муҳлати ҳузури муҳоҷирон маҳдуд шавад, барои корфармо ба кор гирифтани онҳо манфиатовар намешавад.
Дар сурати қабул шудани тарҳи ин қонун шаҳрвандони хориҷӣ маҷбур мешаванд, баъди ҳар 45 рӯз марзи Русияро тарк намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |