Дар ҷараёни маросими имзокунӣ ҷаноби Леҳрер иброз дошт: «USAID ва вазорати маориф ба мувофиқае расиданд, ки мо бояд тарки таҳсилро аз ҷониби мактаббачагон дар Тоҷикистон пешгирӣ намоем. Нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то синни 19-сола ташкил мекунанд. Онҳо бояд таълими хуб гирифта шаҳрванди фаъол бошанд ва дар рушди иқтисодии кишварашон саҳми хешро гузоранд». Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи Тоҷикистон дараҷаи баландтарини тарки мактабро дар синфҳои нӯҳ ва даҳ нишон медиҳад. Тарки мактаб аз ҷониби шогирдон бо сабабҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рух дода ба зиёд шудани шумораи ҷавонони камсавод ва ғайри қобилияти корӣ оварда мерасонад. Барнома он кӯдаконеро, ки зимни хавфи бештари тарки таҳсил қарор доранд муайян намуда, бо маъмурияти мактабҳо, муаллимон, шогирдон, падару модарон ва ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, то ки тадбирҳои дар мактаб нигоҳ доштани кӯдаконро муайян карда, амалӣ ва арзёбӣ намояд.
Ёдрас менамоем, аз соли 1992 инҷониб, Амрико барои барномаҳое, ки муассисаҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро кӯмак мекунанд, тақрибан 900 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст. Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |