Наздики 265 000 шаҳрванди Қирғизистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд
264 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд. Ин афрод ба феҳрасти нафароне шомиланд, ки қонунҳои ин кишварро нақз кардаанд. Дар ин бора Ирина Оролбоева, раҳбари Департаменти хадамоти консулии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ рӯйхат аз шаҳрвандоне иборат аст, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд. Аммо онҳо ба муҳлатҳои гуногун аз ҳақи сафар ба Русия маҳруманд. “Ҳар як ҳолат муҳлати худро дорад. Масалан баъзеҳо 1 солу 6 моҳ, бархе 4 моҳ ва ба ин монанд. Баъзан одамон барои нақзи қонун ҷарима шуда ва ба ин феҳраст ворид мешаванд. Баъди пардохти ҷарима гумон мекунанд, масъулият аз душашон бардошта шудааст”,-гуфтааст вай.
Гуфта мешавад, бештари онҳое ки исмашон дар руйхат аст, қавоиди буду бошро риоя накардаанд. “Мушкили аслӣ дар он аст, ки онҳо аз мавҷудияти ин мушкил огоҳ нестанд. Қабл аз сафар ба Русия бояд маълум кунанд, ки ҳаққи сафар ба ин кишварро доранд ё не. Аз ҳама осонаш ин корро бояд дар фурудгоҳ анҷом диҳанд. Марзбонҳои мо ин руйхатро дар ихтиёр доранд. Ё метавонанд ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар назди сафорати ин кишвар дар Қирғизистон муроҷиат намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |