Бахшҳо
23 окт 2013 11:36Тоҷикистон / Сиёсат

Амонулло Ҳукуматулло: "Аз садама баъди парвози писарам ба Олмон хабар ёфтам" (Навшуда)

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 23 октябр бо пахши баёнияе дар рӯзномаи "Нақлиёт", нашрияи расмии Вазорати нақлиёт, садамаи шаби 9 октябр дар маркази шаҳри Душанберо, ки писараш Расули Амонулло гумонбари аслии он дониста мешавад, изҳори назар кардааст. Оқои Ҳукуматулло гуфтааст, агар Расул барои ин садама, ки се кушта бар ҷой гузошт, аз сӯи мақомоти тафтишотӣ гунаҳкор дониста шавад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

ВКД: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА АСТ

Аммо Амонулло Ҳукуматулло аз он изҳори норизоӣ кардааст, ки расонаҳо ҳанӯз хулосаи тафтишотро мунтазир нашуда, “миёни ҷомеа ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд.” “Ин куштор не, як садама аст. Куштор ҷиноят аст ва онро ҳадафмандона иҷро мекунанд. Садама ғайриинтизор ва нохост тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад. Ман намефаҳмам, чаро атрофи ин садама ин қадар ҳаёҳӯй бардоштанд. Мумкин, ин ба манфиати афроди алоҳида бошад?”,-суол гузоштааст раиси ширкати Роҳи оҳан дар баёнияаш.

МАНБАЪ: РАСУЛ ДАР БЕМОРХОНА НЕСТ

Вай дар идома афзудааст, "ман талабгори ягон мансаби баланд нестам, ки бо ин рафтор маро дар назди роҳбарияти давлат ва халқ сиёҳ кунанд. Мақсади ман танҳо хизмати софдилона ба халқу Ватан, обод кардани як гӯшаи кишвар аст. Чун роҳбари як корхонаи калон ободии кишварро дар ободии коргоҳам мебинам ва баҳри пешрфти кор аз тамоми имконот истифода мекунам.” Раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки баъд аз ин садамаи маргбор писараш Расули Амонулло ба Олмон сафар дошт. Аммо вай гуфта, ки ин фирор не, балки сафари аз қабл тарҳрезишуда буд. Раиси роҳи оҳан таъкид намудааст, ки аз садамаи писараш танҳо баъди он хабар ёфт, ки Расули Амонуллоро ба Олмон гусел кард.

“Агар воқеа соати 2-и шаб рух дода, писарам гунаҳкор бошад, чаро то соати 8, вақти парвози ҳавопаймо, яъне дар давоми 5 соат, аз мақомти дахлдор касе ба суроғаш наомад? Ин садама як муаммо шудааст, дар сари чанбараки мошин ҳам қарор доштани Расул аз имкон берун аст. Бигузор, ҳодисаро мақомоти дахлдор аз рӯи қоидаҳои амалкунанда санҷида, мӯйро аз хамир, коҳро аз дон ҷудо карда, гунаҳкор ва ҷазоро муайян намоянд. Ман ҷонибдори ҳақиқати баррасии ҳодиса мебошам”,-афзудааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ эълон карда буд, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” Ҳарчанд, баъдан вазири умури дохилӣ гуфт, гунаҳкори аслии ин қазия маълум нест. Бо ин ҳол, дар пайи ин садама дар маркази шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтаанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло ҳам дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Номи Умар Шарифов дар ин садама бори нахуст аз забони мақомот садо медиҳад. Нахуст мақомот дар ин садам Асрор Ҳукумови 21-сола, ки гуфта мешавад, ҷиняи Амонулло Ҳукуматулло будааст, муттаҳам карда буданд.
Мӯҳр
охир агар писарат болиг мебуд инкадар хае хуй намешуд бачаи 16 сола бо мошини 30 000 долара дар соати 2 шаб чи кор мекунад боз изо накашида гапи падарро бинед ба фикри вае ин хеч чиз аст 4 кас мурд мурд да хичи гап не 4 паша будан мурдан да

Чамшеди аз н. Восеъ
Рост мегуяд окои Хукумов ин руз ба сари хама омаданаш мумкин аст.

Инсоф.
Чаноби хукумов . Агар фарзандхои худатон мешуд холо у бечорахоро кати ахлу авлодашон суд мекарденд. Аку ин фарзанд будасту фарзанди 4 падар фарзанд не ха. Шарманда. Инро чоп кнаен то хама хонанд.

rost meguyad rais.sadama jinoyat nest oxir.jarima meshavad xalos.charo mo aibi-'bmv'-meguem?mumkin aibi moshini digari boshad?

расули амонулло,
dar tojikiston na fakat bachahoi raison moshini kimat dorand bachahoi puldoroni oddiham ziyodan.shukri xudo tojikoni puldor bisyorand.

холи токат кунен камтари дига меган ки Расул дар сари рул набуд хамон шаб кадом НАХЗАТИЕ мошинаша дуздидаги буд бурда дар дигар мошин зад ва 4 касро кушт ! ШАРМ НАМЕДОРАН БОЗ ИНГУНА ГАПХО МЕГУЯНД БА ЧОИ УЗРХОХИ ...МАРХАМАТ ИБРАТ ГИРЕД ДИГАР МАНСАБДОРОН..КУШТА ГАРДЕН ХАЛКА ШУМОРО ХЕЧ КАС ХУКУМ НАМЕКУНАД КУ ...ВОЙ БА САРИ ХАЛКИ ТОЧИКУ ВОЙ БАР ХОЛИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ АЗ ДАСТИ ИН БЕ ШАРМОНУ БЕ ИНСОФОНИ БАР САРИ КУДРАТ НИШАСТА

ватан
Аз намёкхои Хукумов маълум мешавад, ки ин казия алакай ба нафъи писараш хал шудааст. Инхо махсус писарашро гурезонданд, ки дар ин муддат вариантхои халосии уро чустучуъ кунанд. Холо мебинем, ки ин ходисаро дар гардани ки мезананд? Зеро боз номи як каси дигар иштирокчии ин садама хам пайдо шудааст.

И гапу хабар дига шид ку мухтарамхо и тамоман эхсоси пушаймони ва ёозурда хотири нест дар суханхои ин чаноб гуйё хеч гап нашудааст. Охир лракал як маротиба хамдарди баён кун наход 4 нафар мурдаву 2 нафар мачрух дили сангинатро нарм накарда бошад. дуруст кайд карди ин руз ба сари хама миёяд ё ин садама аст на чиноят. аммо ту гунахгори чинояткори конунро риоя накарди фарзандат дар соати 2 дар куча бигузор сари чамбарак не дар истгох бошад аммо гунахгори хохиш мекунам аз аврупоихою амрикоихо ибрат гиред. охир як нафарро да русия куштан чи гап шуд аз руи як нафар зиёда аз 5 млн мухочир гап шунид. агар як садама дар кучаи амрико рух дихад хатто призидент расман хамдарди баён мекунад. афсус сад хайфи мусалмони сад хайфи рохбари фаромуш накунед чаноби хукумов рузе мерасад ки ин рузро бар акс мебини нафаре тасодуфан садама мекунаду ин писарат чон медихад он руз чи кор мекарда Боши. худо накунад, мо тарафдори марги касе нестем аммо дард мекунад ки ин кадар руз хомуш нишастеду имруз ин суханхоро мегуед гуйё дар маракае сухан мегуед. бародаро дар хаки ин бародарон дуо кунед. ё Оллох рахму шавкати мусалмониро дар дили сангини ин рохбарон бедор намо ва он нафарони фавтидаро рахмат намо. ва ба ахли оилаашон сабри чамил ато намо омин!!!

Амонулло Хукумов мегуяд "Агар воқеа соати 2-и шаб рух дода, писарам гунаҳкор бошад, чаро то соати 8, вақти парвози ҳавопаймо, яъне дар давоми 5 соат, аз мақомти дахлдор касе ба суроғаш наомад"?
Мухтарам Хукумов Амонулло макомоти дахлдори Точикистон аз вокеаи кор хабардор буданд ва хамаро хам нагз медонистанд лекин хох тарсиданд, хох хотир диданд хотири ту не хотири чаноби Оли....

Дилёб
Ба Худо бародарон аз паси монитор истода, хамин масъалаи писари Хукумовро бо раванди интихоботи дар пешистода мехонаму буги мешавам.
Мегуянд "Аз зани гар, гар бируяд, дон ки устодаш гар аст", аз ин гуфтахои Хукумов бар меояд, ки худи у хеч аз кучаи мардонаги гузар накарда, имруз дар курси нишаста дигар Худоро хатто "Худойберди" мехонад. Вале санги осиёб охиста мегардад аммо сахт зер мекунад. Ман андеша дорам , ки ин кор бо хамин хол то маъракаи интихобот давом мекунаду хамин ки ин маърака гузашт, дигар ин навиштахои расонахо ба як когази нодаркор табдил ёфта, хомушгашта меравад. Ман инро каблан хам дар хаминчо навишта будам ва боз навиштам. Дар гузаш та конунхои гуломдои амал мекарданд, гуломон медонистанд , ки гуломан батагдири гуломиашон тан медодванд, вале имруз чи ба мо ваъдаи адолат, конуният ва хакикат медиханд, аммо дар асл мисли пода истифодаамон мебаранд. хоханд бонимон мекунанд, хохан аз миёнамон мехостагиашонро сар мезананд ва ба хар чонибе, ки хоханд меронанд.

Амонулло-акем, ташвиш накашида бе "агар" гап задан гиред. То чои маълум гунахгорон бе ягон "агар-"-у "бояд" чавобгар мешаванд. Хай дигар чи илоч. Ин писари хурди, эркаи сари пирихои падар-да. Ин мошинам ба фикрам янгем (очеш) харидаги ха. Гуфтанд ку, Расул янгемкати Олмон бурафтос. Ба фикрам янгем хонанба командири калон.

Ронанда аз ранда
Минхоч,Хамаи янгахои мо калон.Нав фахмидед?

"Агар" гуфто, ки ман шохи чахонам, Расулчонро ба озоди мерасонам. Оташ Агар гуфт хози бо макомот Магар мегуяд, хулоса мешад Аммо Расулчуун бегунох. Оффарин садо карсак баланд мешад. Аммо ун Худоеро, ки туро офариду ба ин хад расон ЧИ ПОСУХ ХОХИ ДОД!

Мутобиқи қонун дар бораи масъулияти падару модар оқои Ҳукмов бояд барои ин печидагиҳо ҷавоб диҳад;

1. Бачаи 16 солаи ноболиғ соати 2 шаб паси чамбараки мошин чаро нишастааст?
2. Соати 2 шаб бачаи ноболиғ берун аз хона бошад, пас, чаро падару модар ӯро ҷустуҷӯ накардаанд?
3. Шояд ин бори аввал нест, ки бача шабҳоро дар пойгаи мошин рӯз мекунад.
4. Дар дасти бачаи ноболиғ туфангчаи Макаров дар интернет зоҳир шуд. Магар аз он падар қаблан хабар надошт? Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ҷиноят ҳисоб мешавад. Оё инро ҳукумов медонад? Кӣ медонад, дар он хонавода боз чанд мил яроқи дигар ҳаст?
5. Дар интернет акси бачаи Ҳукумов зоҳир шуд, ки банг мезад. Магар барои ин падару модари ӯ ҷавобгар нестанд?
Дар сурате ҳам, ки бачаро гунаҳгор надонанд, масоили дар боло зикршуда басанда аст, то Ҳукумови калонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Барои онки, натавонист, писари шоиста тарбия кунад!!!!!!! Қонун ҳаминро талаб мекунад!!!!!!!!!!!!!!!!

ЧАМИК
РОСТИ ДАР ЯК СИЗ ХАЙРОНАМ КИ ХУКУМОВА МЕГУЯД ПИСАРАМ БОЯД БА ОЛМОН МЕРАФТ БЕ РУХДОДАНИ САДАМА НИЗ. ДЕКИН ВАКТЕ ПИСАРАТРО БА ОЛМОН ГУСЕЛ КАРДИ ЧАНОЮИ ХУКУМОВ ПАС НАПУРСИДИИ КИ ЧАРО ДАСТАТ ШИКМТААСТ? АЗ ИН БАРМЕОЯД КИ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ХЕЧ ХАСТ!!! АЗ ХУДО ТАРС БА ИН ГАПХОИ ДУРУГАТ ДИГАР МАРДУМ НАМЕДОАНД КАПИ ТУРО БОВАР КУНАНД Ё ВКД-РО!!!???

Тавакал
Бори дигар имонам комил шууд, ки ин инсон аз пайрахаи одобу одамгари нагузаштааст в адар гумонам фарзандонаш Уро эхтирому эътироф намекунанд. Б ачои он, ки як банди сиёхро дар гардан гузошта аз Хазрати Чаббор омурзиши гуноххояшро хохон шавад ва ба назди волидайни фавтидагон рафта узрхохи кнад, боз мегуяд, ки аз ин корхо хабар надоштааст. Чаноби Афлотун хамеша дар хотират нигох дор, ки Усто Карим дергиру сахтгир хаст ва иншолох рузе мерасад, ки оху афгон ва гаму андух ва синаи пурдарди волидони фавтидагон чунон мезанад, ки аз кучо омадану ба кадом кавм мансубият доштанатро хам намефахми. Аммо аз лаънати мардум барои тарбияи чунин фарзандони беору беномус дида чизи вазнинтар нест. Агар мард боши бе Фармони Президент аз мансаб раву хамаи дороии ба даст оврадаро ба хамон оилахои фавтидагон таксим кун вагарна Худованд худаш Чаббор хаст. Рав тарбияи фарзандону наберагон ва сахтгирии зердастону авлодро аз акаи Махмадсаид Убайдуллоев рахмати Парвардигор бар гузаштагонаш омуз, аммо сад афсус, ки дигар дер шудааст. Боки Худованди Кариму Чаббори хак чи кор карданашро медонад. Сад хайфи чавонмарди........ ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)