06.11: Рӯзи Истиқлол, Парчами миллӣ ё “выбори Ҷаноби Олӣ”? (Видео)
Наворбардори “Озодагон” ин дафъа аз роҳгузарони хиёбонҳои пойтахт пурсид, рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон чӣ иттифоқ хоҳад уфтод.
Агар бархе аз сокинон баргузории интихоботи президентиро ба забон оранд, иддае дигар бо “намедонам” иктифо мекарданду бепарвоёна ба роҳи худ идома медоданд. Баъзеи дигар ҳам мегуфтанд, ки 6 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Истиқлол ва Иди парчами миллист. Онҳое ҳам буданд, ки аз рӯзи Қонуни асосӣ ёдоварӣ намуданд. Ин ҳама дар ҳолест, ки то баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон ҳамагӣ 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шаш нафарро ба ҳайси номзади расмӣ дар ин интихобот сабтином кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |