Иттиҳоди муҳоҷирон гуфт, ҷавоби "Марши русӣ"-ро хоҳад дод
Иттиҳоди муҳоҷирон дар Русия аз шаҳрдории Маскав хостааст, ба баргузории роҳпаймоии “Марши русӣ” иҷоза надиҳад. Ин роҳпаймоӣ, қарор аст, рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ аз сӯи миллатгароёни рус баргузор шавад.
“Интерфакс” аз қавли Иттиҳоди муҳоҷирон дар Русия хабар додааст, ки ин иттиҳод дар сурати баргузории “Марши русӣ” гирдиҳамоии ҷавобияеро низ барпо хоҳад кард. Муҳаммад Амин, раҳбари Иттиҳоди муҳоҷирон дар Русия, мегӯяд, ингуна парад ё қадамзанӣ бояд рӯзҳои ид дар майдони Сурх аз сӯи кормандони пулис ё артиш сурат гирад, на аз ҷониби миллатгароён.
Ба гуфтаи ӯ, миллатгароён одатан дар ин роҳпаймоии худ даъват ба хушунат алайҳи мардуми бегона, бахусус муҳоҷирон менамоянд. Миллатгароёни рус тасмим гирифтаанд, рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ роҳпаймоиеро таҳти унвони “Марши русӣ” дар минтақаи ба номи Люблинои Русия барпо кунанд. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, онҳо алакай дар ин бора ба шаҳрдории Маскав иттилоъ додаанд. Роҳпаймоӣ зери унвони “Марши русӣ” бори нахуст соли 2005 баргузор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |