Парвози Аirbus-и “Осиё Экспресс” аз Тоҷикистон ба Русия
Ширкати ҳавопаймоии нави “Осиё Экспресс” (Asian Express) хатсайрҳои наверо аз Тоҷикистон ба самти Русия боз кардааст.
Ба иттилои торнамои “ATO.ru”, ин ширкати ҳавопаймоии тоҷик хидматрасонии худро дар 8 хатсайр, аз Душанбе ва Хуҷанд ба самти бархе аз шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Ростови лаби Дон, Волгоград, Нижний Новгород, Сургут, Уфа, Перм ва Самара ба роҳ мемонад.
Ширкати ҳавопаймоии "Осиё Экспресс”, ки нахуст соли 2013 фаъолияташро дар бозорои мусофиркашонии Тоҷикистон шуруъ кардааст, дар ҳоли ҳозир соҳиби ҳавопаймоҳои навъи BAe Avro RJ85 ва RJ100 барои хатсайрҳои дохилӣ- минтақаӣ, Airbus A320 барои хатсайрҳои самти Русия, кишварҳои Аврупо ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Ин дар ҳолест, ки то кунун барои кашонидани мусофирон аз Тоҷикистон ба баъзе аз шаҳрҳои Русия ҳавопаймоҳои навъи “Боинг-737”-и ширкати ҳавопаймоии “Донавиа” хидмат мерасонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |