Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Бунёди Оқохон дар Душанбе
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хорҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Акбаралӣ Песнанӣ, намояндаи доимии Оқохон дар Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориро баррасӣ намудааст.
Тавре Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқот рафти татбиқи лоиҳаҳои Созмони Оқохон муҳоккима гардида, дар мавриди густариши онҳо табодули назар сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки аз тарҳҳои ҷадиди ин созмон дар Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, барои тезондани татбиқи онҳо дастур додааст, нерӯгоҳҳои Себзор ва Санобод дар вилояти Бадахшон мебошанд. Манбаъ бо такя ба баҳогузориҳои пешакӣ арзиши ин ду лоиҳаро наздики 300 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки дар мавриди нерӯгоҳи 10 мегаваттаи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа аллакай тавофуқот миёни Тоҷикистону ин созмон ҳосил шудааст. Вале оиди сохтмони нерӯгоҳи Санобод дар ноҳияи Рушон, ки ҳудуди 15 маротиба аз Себзор боиқтидортар хоҳад буд, музокирот идома доранд.
Дар мавриди сарчашмаи садҳо миллион доллар, ки созмон ба Тоҷикистон равона мекунад, масъулини Созмони Оқохон мегӯянд, ки аз ҳисоби худи Хазинаи Оқохон, маблағи ҳукуматҳои сармоядор, хайри ҷамоати исмоилиён ва боздеҳи лоиҳаҳои Оқохон дар саросари ҷаҳон гирифта мешаванд. Масъулини Бунёди Оқохон мегӯянд, дар Тоҷикистон ягона тарҳе, ки айни ҳол барои созмон даромад меорад, ширкати мобилии “ТСЕЛЛ” мебошад, ки 40 дар сади саҳмияҳои он ба Хазинаи Оқохон ва 60 дарсадаш ба ширкати аврупоии “Телиасонера” тааллуқ доранд. Ба иттилои ин бунёд тарҳҳои дигари созмон, аз ҷумла меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” ҳанӯз даромад наоварда истодааст. Масъулини ин созмон мегӯянд, тамоми маблағҳое, ки аз лоиҳаҳои Оқохон ба даст меоянд, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ниёзманд дар ҷаҳон, аз ҷумла Африқо ва Осиё равона мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |