Амрико 100-долларии навро ба муомила баровард
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1382440612_dollar.png)
Хазинаи федеролии Иёлоти Муттаҳида аз ҳаштуми октябри соли ҷорӣ муассисаҳои молиро бо саддолларии нав таъмин кардааст, ки дорои унсурҳои ҳимоявӣ буда, чопи тақаллубии он мушкил мебошад.
Ҷером Ҳ. Пауэл, мудири шӯрои Хазинаи федеролӣ, гуфтааст, “унсурҳои ҳимоявӣ ба истифодабаранда муфид буда ва ба ҷомеа имкон медиҳад, асли пулро тезтар таъид кунанд.” Мақомоти Амрико мегӯянд, нақши нави 100-долларӣ ду унсури ҳимоявии нав дорад: 3-D банди кабуд бо ишораҳои зангӯла ва 100; зангӯла дар давот, ки рангашро иваз мекунад. Ба қавли онҳо, “унсурҳои нав ва унсурҳои иловагие, ки аз нақши пули коғазии чопи кӯҳна, аз ҷумла таҳнақш, ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки тариқи роҳи осон пули коғазии навро бо нигоҳ дақиқ кунанд.”
Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ивази ҳатмии 100-доллараҳои чопи пешина, бо 100-доллараи нақши нав муҳим нест. Ин сиёсати ҳукумати Амрико буда, ба замони чоп шудани он нигоҳ накарда, тамоми нақшҳои пули ин кишвар дар муомила қонуниянд.
Зимнан, дар омода сохтани нақши нави саддолларӣ Хазинаи федеролӣ, вазорати молия, Шӯъбаи ҳаккокӣ ва чопкунӣ ва Хадамоти амнияти Амрико ҳамкорӣ кардаанд, то аз хатари чопи пули қалбакӣ эмин бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |