Сабаби садамаи “МА-60”-и “Тоҷик-Эйр” муайян шуд
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1382435328_ma-60.jpg)
Мутахассисони чинӣ, ки барои ташхиси тайёраи “МА-60”-и “Тоҷик Эйр” ба Душанбе омада буданд, сабабҳои тасодуф бо ин тайёраро муайян кардаанд ва рӯзҳои наздик ҳамроҳ бо мутахассисони чинӣ барои дарёфти қисмати зарурӣ ба Чин хоҳанд рафт.
Дар ин бора ба “Озодагон” Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” хабар дода, афзуд, ки мутахассисони чинию тоҷик барои овардани қисмҳои зарурӣ, ҳафтаи равон ба корхонаи истеҳсолкунандаи тайёраи "МА-60", ба Чин мераванд.
Кенҷаева афзуд, таҳқиқи сабаби садамаи ҳавопаймо, ки моҳи июл дар фурудгоҳи Душанбе рух дода буд, як раванди дурудароз аст ва ҷузъиёти онро гуфта наметавонад. Аммо хонум Кенҷаеава таъкид намуд, то ин тайёра пурра барои мусофиркашӣ омода нагардад, ба парвозҳо роҳ дода намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июли соли равон ҳангоми хизматрасонии техникии ҳавопамойии МА-60, шасии он беихтиёрона ғундошта шуда ва ҳавопаймо ба замин нишаст. Дар пайи ин тасодуф Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парвози онҳоро дар кишвар манъ карда буд.
Ҳавопаймои МА-60 бо қарзи Эксимбонки Чин охирҳои соли 2012 гирифта шуда, дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ парвоз мекард. Мӯҳлати пардохти қарз 12 сол муайян шудааст. МА-60 бо 56 ҷои нишаст ба масофаи то 1,3 ҳазор километр тавони парвоз дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |