Бахшҳо
22 окт 2013 12:05Тоҷикистон / Сиёсат

Лукашенко гуфт, аз Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят хоҳад кард

Масъалаи мустаҳкам гардондани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бояд дар эъломияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ инъикос гардад. Ин нуктаро Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи 21 октябр, ҳангоми мулоқот бо хабарнигорон аз ИДМ иброз доштааст.

Лукашенко таъкид намудааст, агар масъалаи мустаҳкамсозии марзро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар анҷумани сарони давлатҳои узви ИДМ бардорад, ӯ аз Раҳмон пуштибонӣ хоҳад кард. Лукашенко таъкид намудааст, масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистон хеле ҷиддӣ ва мураккаб буда, бояд дар эъломияи ИДМ инъикос гардад.

“Ин мушкили ҳамаи мост. Ман намедонам фосила миёни Белорус ва Тоҷикистон чӣ қадар аст ва ман намегӯям, марзи Тоҷикистон мушкили мо нест. Ягон роҳи гурези Белорус аз қочоқ аз тарафи ҷануб вуҷуд надорад”,-афзудааст ӯ.

Раисиҷумҳури Белорус ҳушдор додааст, хоҳу нохоҳ дар минтақа таҳдидҳои террористӣ афзоиш хоҳанд ёфт. Ин дар ҳолест, ки ахиран сарони кишварҳо дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) қарор намуданд ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа намоянд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки Белорус ба Тоҷикистон дурбинҳо ва дигар дастгоҳҳои назоратӣ бидиҳад.
Мӯҳр
Дилёб
Ин боз як фиреби навбатии Русия алайхи Точикистон мебошад. Русия мехохд ки сархади Точикистону Афгонистонро дар назди созмонхои байналмилали барои Точикистон хавфнок нишон дода, фахмонад, ки танхо Русия кодир аст ин марзро посбони кунад ва бо ин рох ба орзуи деринааш бирасад. Ман хеч намефахмам Русия барои чи инкадар ошики ин марз гаштааст....

Суханҳои фачу кулӯх дар бораи СНГ, ки чормағзи пуч барин қадр надорад. Ғайр аз як туда азаматталабони низомии рус, худи ташкилкунандагон аз он созмон безор шудаанд. То ин дам садҳо санад имзо шудааст, вале ягонтои онҳо кор намекунад. Чаро ҳама ба сарҳадоти мо бо Афғонистон ошиқанд??????????

Александр Лукашенко бехтарин президент дар дунёст , ки гайри хакикат дигар чизе намегуяд лекин мухтарам Лукашенко агар шахрванди Точикистон мебуд рости гап ман намедонам, ки Чаноби Олиро тарафдори мекард ё не.

нрь
чашми русия барои он ба сархади точик духта шудааст чунги аз ончо хокаи навъи аъло мегирад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)