Сокини шаҳри Кӯлоб 5000-халта орди ҶДММ «Соро»-ро ба яғмо бурдааст.
Тибқи иттиллои ВКД, дар вақти гузаронидани ҷораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарбат Раҷабови 48- сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, айни замон бекор дастгир карда шуд. Номбурда,моҳи майи соли 2004 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қутбиддин Исоев, сокини ноҳияи Ҳисор, қишлоқи Мортеппа, корманди ҶДММ «Соро» даромада, барои фурӯш аз ӯ 5000-халта ордро, ба маблағи 145.000 сомонӣ гирифта, фурӯхта то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Айни замон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр