Ҷонибдории Собянин аз ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои узви СНГ
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, бори дигар хостори ҷорӣ намудани низоми раводид ё худ виза миёни Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), бахусус Осиёи Марказӣ шудааст.
Собянин гуфтааст, ҳар чанд дарк мекунад, ки ҷорӣ намудани низоми раводид Русияро то андозае аз кишварҳои ИДМ дур сохта, дар равобити иқтисодии онҳо сардие ба миён меорад. Вале бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Ба қавли шаҳрдори Маскав, бояд усулҳои қабули коргарон тариқи квота низ тағйир дода шавад.
Сергей Собянин таъкид кардааст, ки ӯ зидди ҳамгироии кулӣ мебошад: “Агар ба мо ҳамгироии афроде лозим бошад, пас дар ин маврид ба шаҳрвандони кишварҳое имтиёз додан зарур аст, ки аз нигоҳи фарҳангу забон бартарият доранд, барои мисол ба атбои Украина ва Беларусия. Вале дар мавриди мардуми Осиёи Марказӣ бошад, гуфтаниам, ки онҳоро мутобиқ кардан хеле душвор аст. Аксарияти онҳо, аз ҷумла ҷавонон ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонанд.”
Собянин аз раванди феълии муҳоҷирати Русия нигаронӣ намуда, аз мақомоти болоӣ хостааст, сади роҳаш шаванд: “Сиёсати ҷалби муҳоҷиронро пеш нагирифтаем. Хонаводаи онҳоро даъват накардаем, ки инҷо оянд ва нияти таъмини онҳо бо ҷои кор ва ҷудо намудани ҷой дар боғчаҳо ба фарзандони онҳоро надорем. Ман фикр мекунам, ба ин ҳама бояд хотима бахшид. Ин хеле раванди хатарнок мебошад. Агар ин тавр идома ёбад, мо ними аҳолии Осиёи Марказиро инҷо ҷойгир мекунем.”
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисисҷумҳури Русия, ахиран зидди ҷорӣ намудани низоми раводид ё виза бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) баромад карда буд.
Ӯ гуфта буд, ҷорӣ намудани низоми раводид метавонад, Русияро аз шарикони кишварҳои пасошӯравияш дур кунад: “Ҳоло мо бояд талош варзем, то ин кишварҳоро ҳарчи бештар бо худ наздик кунем, на дур.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |