Роҳҳои Қирғизистон хатарбортарин дар Осиёи Миёна будааст
Хатарбортарин роҳҳои Осиёи Миёна дар Қирғизистон ва Қазоқистон будааст,-омадааст дар гузориши "Roads Kill". Манбаъ, роҳҳои нисбатан амнтарро Узбакистон тавсиф кардааст.
Гуфта мешавад, теъдоди қурбониёни роҳ марзи 1,2 миллион нафарро гузашта ва дар соли 2030 ба 3,6 миллион мерасад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар роҳҳои Қазоқистон аз 100 ҳазор нафар 21,9 кас мефавтад. Дар Қирғизистон ин рақам 19,2, дар Тоҷикистон 18,1 ва дар Узбакистон 11,3 нафарро ташкил медодааст.
Як далели аслии марги одамон дар роҳҳо истифодаи нушокиҳои сархушкунанда, набастани тасмаи бехатарӣ, зиёд кардани суръати ҳаракат гуфта мешавад.
Пурхатартарин роҳҳо дар ҷаҳон бошад, ба қавли пажуҳишгарон Венесуэла (37,2 қурбонӣ аз 100 ҳазор нафар), Нигерия (33,7) ва Эрон (34,1) будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |