Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мӯминободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт сокинони ҷамоати Балхобӣ Алишер Давлатов ва Тошмад Мадисоеви маскуни ноҳияи Кӯлоб дастгир карда шудаанд. Аз Алишер Давлатов аз як пакети селофанӣ, ки дар дохилаш 1 килою 920 грам маводи нашъадори «афюн» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ноҳия Синои шаҳри Душанбе ба ҳамин ҳодиса монанд, Зоир Саидови 26 сола, сокини кӯчаи Деҳотӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 12 грамм маводи нашъадори «ҳероин» забт шудааст. Ба иттилоъи манбаъ, Зоир Саидов қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаи 244-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр