Вазорати маориф ноҳияҳои “муғамбир”-ро номбар кард
Вазорати маорифи Тоҷикистон ноҳияҳоеро, номбар кард, барои ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ дар қаламравашон тақрибан коре анҷом дода намешавад.
Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати маориф аз фарогирии кӯдакон дар кӯдакистонҳо нигаронӣ намудааст. Исмонов мегӯяд, агарчӣ фарогирии кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар вилоятҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки 335 ҳазор кӯдаки синни томактабӣ ба воя мерасад, танҳо 5 887 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ ҷалб шудаанд, ки ин 1,7 %-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи муовини вазир, санҷиш ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ҷиргатол, Файзобод, Варзоб, Тавилдара ва Нуробод барои бештар фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ коре ба сомон расонида нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештар кӯдакон ба таҳсили томактабӣ Барномаи махсуси рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016-ро қабул карда буд, аммо иҷрои он ба таври лозима роҳандозӣ нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |