Созишномаҳои нави Душанбе ва Кобул: Аз мина то бима
Имрӯз, 21-уми октябр, дар доираи сафари расмии Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар Душанбе, бо ҳузури ҳайатҳои Тоҷикистону Афғонистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маросими имзогузорӣ хабар дод, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай нахуст Эъломияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносиботи дуҷониба, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии минаҳо, созишнома байни вазоратҳои молияи ду кишвар оиди ҳамкорӣ дар бахши бима ва протокол дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба созишнома байни Тоҷикистону Афғонистон оид ба гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба имзо расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз натиҷаи мулоқотҳояш бо Ҳомид Карзай суҳбат карда, аз ҷумла изҳор доштааст, ки масоили марбут ба роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хати интиқоли барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон –Покистон ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро баррасӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |