Дар шаҳри Кӯлоб 16 нафар заҳролуд гашта, ба бемористони марказӣ муроҷиат кардаанд.
Тибқи иттиллои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», шоми дирӯз ин нафарон дар тӯйи арусии як хешовандашон иштирок карда, аз торти «Сангпушт» (Черепаха) истеъмол намудаанд. Айни замон, 15 нафари онҳо аз беморхона мураххас шуда, 1 кӯдаки 10-сола дар касалхона бистарӣ аст. Ба гуфтаи Ҷамшед Раҳимов, сардори маркази идораи давлатии санитарии эпидемологии шаҳри Кӯлоб: «айни замон ҳолати саломатии кӯдак мӯътадил буда, рӯзҳои наздик ба хонааш бармегардад». {jathumbnail off}
Мӯҳр