Русия ба тоҷикони бандмонда дар Абхозистон роҳ мекушояд
Мақомоти Русия гуфтаанд, аз 22 то 25 октябри соли ҷорӣ барои шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар Абхозистон имкон медиҳанд, ки аз он ҷо берун омада, ба Ватани худ баргарданд. Ин амал бо дархости ҷониби Тоҷикистон, бахусус сафорати кишвар дар Маскав, сурат мегирад.
НОМАИ ШАМСИДДИН ДАВЛАТОВ
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафири Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Абхозистон 23 шаҳрванди кишвар банд мондаанд. Ба қавли ӯ, раҳоии шаҳрвандони бандмонда дар Абхозистон, ки Тоҷикистон бо ин кишвар “додугирифт” надорад, фурсати зиёд металабад. “Ин масъаларо танҳо сохторҳои дахлдори Русия ҳал мекунанд. Онҳо бо мувофиқа барои як муддати муайян чунин коридорҳо мекушоянд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба хонаҳои худ баргарданд”,-афзуд ӯ.
ДАЪВАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, дар се моҳ як бор марзи Русияро гузашта, ба Абхозистон раванду дубора ба ин кишвар омада, ба корашон идома диҳанд. Вале дар банди марзбонҳо меафтанд. Қаблан, сафорати Тоҷикистон бо интишори номае аз муҳоҷирон хоста буд, аз рафтан ба Абхозистон худдорӣ кунанд. Чун Тоҷикистон дар ин кишвар намояндагии дипломатӣ надорад ва берун овардани онҳо танҳо бо мусоидати Русия имконпазир хоҳад шуд, ки кори осоне нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |