ҲНИТ эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ба қароре омадаанд, ки аз ширкат дар интихоботи президентии 6 ноябр худдорӣ мекунанд.
Ин тасмимро Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамроҳ бо номзад Ойниҳол Бобоназарова, ки ба хотири ҷамъ наовардани имзоҳои зарурӣ дар муҳлати муқарраршуда аз ширкат дар интихобот маҳрум гардид, рӯзи 21-уми октябр зимни як ҷаласа эълон карданд. Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва хонум Бобоназарова гуфта шудааст, ки бо сабаби сабти ном нашудани номзадии дувумӣ аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд.
Масъулони ҲНИТ дар шарҳи ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, иштирок накардани ҲНИТ дар интихобот маънои бойкот ё худ таҳрими онро надорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ирсоли як нома, аз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, хоста буд сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро аз нав дида бароянд. Вале Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба ин дархости Муҳиддин Кабирӣ ҷавоби рад дод.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Комиссияи марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист. Ҳоло ин номзадҳо ва афроди боътимодашон машғули тарғибу таблиғи барномаҳои қаблазинтихоботии худанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |