10 корманди Бонки Марказии Туркманистон 15-соли ҳаёти баъдиашонро дар паси панҷара хоҳанд гузаронд.
Дар ин бора расонаҳои давлатии ин кишвар иттилоъ медиҳанд. Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳи Олии Туркманистон дар қиболи онҳо аллакай содир гардида, бонкдорони собиқ равонаи зиндон гаштанд. Рӯзномаи «Нейтралный Туркменистан» дар шумораи имрӯзи худ навиштааст, бонкдорон барои он муттаҳам шудаанд, ки 4,8 миллион доллар аз қарордодҳои сохтмонӣ барои “хидматашон” ришва гирифтаанд, то пулҳоро барои сохтмон ба ширкатҳо интиқол диҳанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр