РусГидро: Узбакистон беасос иддао мекунад
Ширкат "РусГидро"-и Русия мегӯяд, иддаои Узбакистон дар мавриди хатарҳои ношӣ аз бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ дар Қирғизистон беасос аст.
Ин ширкати русӣ, ки сохтмони неругоҳи барқӣ-обиеро дар минтақаи Нарини Қирғизистон бар уҳда дорад, бо нашри як изҳорот гуфтааст: “Сохтмони неругоҳҳо дар Қирғизистон барои кишварҳои ҳамсояаш ҳеч таҳдиде надорад ва ба оби рудхонаҳо, бахусус манофеи Узбакистону Қазоқистон таъсири манфие нахоҳад расонид.
Бар асоси тавофуқоти Маскаву Бишкек, ки моҳи сентябри соли 2012 ба миён омадааст, ҳудуди чаҳор неругоҳ бояд дар рудхонаи Нарини Қирғизистон бунёд гардад. Интизор меравад,мароҳили қонунӣ ва заминаҳои пажуҳишии ин лоиҳаҳо то ибтидои соли 2014 ба поён расида, сохтмони ин неругоҳҳо оғоз шавад ва қарор аст, то 5-6 соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки Узбакистон борҳо бо тарҳҳои бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон мухолафат кардааст. Ахиран Далер Ҳакимов, намояндаи доимии Узбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо қироати баёнияи интиқодие дар ин замина садо баланд карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |