Мири Маскав: "Аз муҳоҷирон барои вуруд ба Русия пул гиред"
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии Русия, роҳи “халосӣ”-ии ин кишварро аз муҳоҷирон дар он гуфт, ки муҳоҷират ба Русия бояд ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нигоҳи иқтисодӣ зараровар карда шавад.
Собянин, ки рӯзи шанбеи 19-уми октябр сухан меронд, изҳор дошт, ки мушкили муҳоҷиронро метавон бо роҳи иқтисодӣ ҳал кард: “Барои ин аз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳангоми дохил шудан ба Русия маблағ гирифта шавад. Бояд, тавре кунем, ки кирояи муҳоҷирон барои корфармоён муфид набошад. Муҳоҷират бояд, ки барои корфармоёни рус аз ҷиҳати иқтисодӣ бефоида бошад.”
Шаҳрдори Русия қайд кард, ки муҳоҷират ин мушкили имрӯза нест, аммо баъзан афкори ҷамъият аз идора берун шуда ҳолатҳои мисли Бирюлево ба вуҷуд меояд. Дар ин хусус Собянин гуфтааст, Бирюлево - аз аввал лоиҳаи бебарор буд: “Ноҳия дар байни ду роҳи оҳан ҷойгир шудааст. Минтақаро ба кулли хароб кардан дигар имкон надорад, аммо анборҳоро аз байн бурдан имкон дорад. Коҳиш додани баъзе анборҳои сабзавот дар шаҳр ба нархи маҳсулот таъсир намекунад.”
Ин дар ҳолест, ки анбору мағозаҳо дар Русия аз ҷумлаи ҷойҳои кории муҳоҷирон ба шумор мераванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |