Дар Душанбе рӯзи 29-уми июл ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур дар нишасти мазкур нахуст ҳисоботи вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 марти соли 2006 амал мекунад, шунида шуд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд. Президент ба масъулин доир ба бартарафсозии норасоии омӯзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кӯдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод.
Манбаъ афзуд, оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳисобот дод. Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои татбиқи босамари консепсияи мазкур як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғутокпарварӣ ва ғайра қабул шуда, татбиқ мегарданд. Ҳамзамон, бо қарори ҳукумати кишвар Шӯрои амнияти озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати нахуствазир Оқил Оқилов ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият хоҳад кард. Лоиҳаи ду қонун – «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи милитсия» пешниҳод гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров дастур дод, ки ба муносибати солгарди 20 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон то ҷашни Наврӯзи соли 2012 дар 1 миллион хонаҳои аҳолии кишвар, пеш аз ҳама хонаҳои оилаҳои камбизот телефонҳои хонагӣ гузаронда, истифодаи як моҳи аввали онро ройгон пешкаш намоянд.{jathumbnail off}
Мӯҳр