Бахшҳо
19 окт 2013 13:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Алимардонов: "Вазифаам нест, ки ба ҳар сокини Фархор замин диҳам"

Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон оид ба кишоварзӣ, шикояти бархе аз сокинони ноҳияи Фархор дар мавриди бетарафияшро, рад карда, изҳор дошт, ки 18-уми октябр, барои ҳалли мушкили беш аз 150 сокин ба ноҳияи Фархор сафар доштааст.

Муродалӣ Алимардонов, дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дирӯз дар ноҳияи Фархор бо мушкили сокинон шинос шуда, ба раиси ноҳия дастур додааст, ки ҳуҷҷатгузории заминҳои сокинони ноҳияро қонунӣ кунанд: “Муаммои заминҳои сокинони Фархор дар он аст, ки ба онҳо пештар як роҳбари совети қишлоқ бе ягон ҳуҷҷат замин додааст. Онҳо ба мо муроҷиат карда буданд ва мо ваъда дода будем, ки ҳуҷҷатгузорӣ карда месупорем. Акнун ҳокимияти маҳаллӣ ҳуҷҷатҳоро таҳия карда, заминҳоро ба сокинон тақсим хоҳад кард.”

Алимардонов афзуд, “ман салоҳият надорам, ки ба ҳар як сокини Фархор заминҳоро чен карда супорам, ин вазифаи раиси ноҳия ва совети қишлоқ мебошад. Он чизе, ки аз ҳукумати марказӣ вобаста аст онро ҳал карда медиҳем.”

Ин дар ҳолест, ки як гуруҳ сокинони ноҳияи Фархор борҳо дар расонаҳо аз мушкилоти заминашон шикоят карда, мақомотро дар беаҳамиятӣ муттаҳам мекарданд, вале ниҳоят баъди дахолати Алимардонов ин мушкил ҳал шудааст.
Мӯҳр
вазифаи Алимардонов замини корами Хисорро бозор сохтан ва 2_4сотикро ба маблаги 15000долар фурухтан тамом

rafted shud rais..ana bined raisoni nohiya zud kori xalkro hal mekunand.

Мансур
Хамин мардак кай истеъфо мерафта бошад? Бояд ба чояш ягон нафари дигар омада пул чамъ кунад. Миллиардер шудагй Алимардонов...Бояд ягон камбагали дигар сохиби пулу мол шавад

кариб 10 сол мешад, ки 154 занони нохияи Фархор даъвои хаку конунро доранд. Пас ба доди онхо расидан вазифаи кист? Чаро дар ин мудат касе ба додашон намерасад?

НФС
Ба Мансур: Агар чунин нафарон дар хукумат зиёдтар бошанд ба нафъи чомеъ аст. Шумо одамшинос нестед. Афсус, ки мо сиёхро аз сафед ва хубро аз бад фарк карда наметавонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)