Оғози беруноии неруҳои низомии Амрико аз Қирғизистон
Амрико кучонидани неруҳои низомии худро аз пойгоҳи “Манас” дар Қирғизистон оғоз кард.
Вазорати дифои Амрико гуфтааст, то моҳи июли соли 2014 пурра ин маконро дар ихтиёри мақомоти Қирғизистон хоҳад супорид.
Ин ниҳоди амрикоӣ дар торнамои расмии худ изҳор доштааст, ки Амрико ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Қирғизистон идома хоҳад дод ва ҳамеша аз рушду пешрафти иқтисод ва демократия дар ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
“Амрико кумаки Қирғизистон ба ин кишварро дар тақвияти неруҳи низомии эътилофӣ дар роҳи мубориза бо терроризм қадр хоҳад кард ва ба ин тасмими ахири мақомоти қирғиз низ эҳтиром қоил аст.”- омадааст дар торнамои Вазорати дифои ИМА.
Пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Бишкек, ки баъдан расман Маркази ҳамлу нақл ном гирифт, моҳи декабри соли 2007 дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” таъсис ёфт ва то имрӯз барои интиқоли борҳо ба Афғонистон хидмат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |