Коррупсия иллати дар ҷамъият пайдо гардидани ноадолатӣ ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои инсон, изтироби ҷиддӣ, пастшавии обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардидааст, мегӯяд Шӯҳрат Раҳматбоев.
Муовини райиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ин ҳарфҳоро зимни як ҳамойиши вижа дар ҳузури иштирокчиёни он иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки мутаасифона коррупсия чун пештара барои фаъолияти мӯътадили тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ садди роҳ гардида, барои навсозиҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти миллӣ монеаъ эҷод мекунад. --- «Мо кормандони кумита ҳамчун шахсоне, ки бевосита дар бахши хусусигардонӣ фаъолият дорем умуман гуфтан лозим аст, ки коррупсия яке аз омилҳое мебошад, ки манфӣ арзёбӣ мегардад ва барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва умуман рушди иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад». Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Файзалӣ Қосимов, сарнозири раёсати агентии мубориза бо коррупсия гуфта шуд, ки дар кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ягон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст, ба ҷуз аз як аризаи даъвогие, ки он ҳам ҳалли худро ёфтааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр