Баҳси мулло Бародар тамом нашудааст
Давоми ду рӯзи ахир мулло Абдулғанӣ Бародар, раҳбари «Толибон», ки аз маҳбас раҳо шуда, аммо озодии комил дарёфт накардааст, ду маротиба тариқи телефон бо пайвандонаш суҳбат кардааст. Дар ин бора намояндаҳои “Толибон” хабар додаанд.
Ба иттилои онҳо наздикони Бародар аз мақомоти Покистон минатдоранд, ки ба ӯ имкони суҳбати телефониро додаанд.
Оғози моҳи ҷорӣ “Толибон” гуфтанд, ки муло Бародар ҳанӯз озод нашудааст ва аз мақомоти Афғонистон даъват карданд, барои раҳоии ӯ иқдом кунад. Намояндаҳои ВУХ-и Афғонистон ҳам гуфтанд, наметавонанд бо раҳбари “Толибон” иртибот барқарор намоянд.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баъдан изҳори умед кард, Исломобод ба раҳбари “Толибон” имкон медиҳад, дар барномаи оташбас нақш гузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |