Ҳасан Асадуллозода ба “Мовароуннаҳр” то январи 2014 “срок” дод
Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ба саҳмдорони ширкати «Мовароуннаҳр» барои баргардондани қарзи “Ориёнбонк” то моҳи январи соли 2014 муҳлат додааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр» ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз, 18-уми октябр бо намояндагони Ҳасани Асадуллозода мулоқот доштем ва ба онҳо гуфтем, то моҳи январи соли 2014 қарзи ин бонкро пурра бармегардонем.”
Ёров илова намуд, ки бо “Ориёнбонк” ба созиш омадаанд, ки “Мовароуннаҳр” аз ин бонк ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва чун ширкат имрӯз ба по хестааст, тавони баргардондани ин қарзро дорад.
Ба гуфтаи Ёров айни ҳол як нофаҳмӣ танҳо дар масъалаи арзиши хонаи Ҷӯрабек Охунов, раиси пешинаи ширкат ҷой дорад: “Хонаи Охунов дар гарави бонкӣ бо маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарор дошт. Аммо дар он хона сӯхтор ба амал омад ва пас аз сухтор дар мавриди арзиши ин хона як нофаҳмие пайдо шудааст.”
Дар ҳамин ҳол вакили мудофеи саҳмдорони “Мовароуннаҳр” таъкид намуд, ки айни ҳол манзили истиқоматӣ барои сад муштарии ин ширкат дар маҳаллаи “Гипрозем”-и Душанбе пурра омода шудаанд ва баъди қабул аз ҷониби комиссияи давлатӣ калид ба онҳо супорида хоҳад шуд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |