Боз кордзанӣ дар маркази Душанбе; Ду нафар бистарӣ шуданд
Мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз як ҳолати дигари кордзании ду ҷавонро дар маркази Душанбе сабт кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба мақомоти пулис Шерзоди Шералӣ, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намуда, арз доштааст, ки санаи 17 октябри соли 2013 дар кўчаи Лоиқ Шералии пойтахт, шаҳрванд Манучеҳри Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, дар пайи як муноқиша, ўро бо корд якчанд маротиба ба баданаш мезанад. Шерзоди Шералӣ афзудааст, ки сипас барои ҳимояи худ, бо Манучеҳр занозанӣ карда, корди ўро гирифта, ба бадани худи Манучеҳр мезанад: “Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |