Масеҳиёни Сурия аз Русия ҳаққи шаҳрвандӣ хостаанд
Масеҳиёни Сурия бо ирсоли як нома аз мақомоти Русия ҳаққи шаҳрвандии ин кишварро дархост кардаанд.
Ба иттилои расонаи русии “Русия ал-Явм”, дипломатҳои рус гуфтаанд, ки масеҳиёни муқими шаҳри Димишқ бо ирсоли як нома ба унвони Вазорати умури хориҷии Русия, аз Кремл хостаанд, ки онҳоро ба шаҳрвандии кишвараш қабул кунад.
Дар ин номаи шаҳрвандони Сурия омадааст, ки “Азбаски қонунгузории Сурия доштани табаияти ду кишварро манъ намекунад, мо мехоҳем, агар мумкин бошад, шаҳрвандии Русияро низ ба даст орем. Ин дархости мо аз он шаҳодат намедиҳад, ки мо нисбат ба артиш ва ҳукумати вақти худ шак дорем. Вале моро иқдомҳои нобаҳангоми Ғарб ва неруҳои мухолифини худ ба ташвиш овардааст.”
Ин қишри шаҳрвандони Сурия дар номаи худ инчунин аз таҳти фишори ҳамешагӣ қарор доштанашон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда, гуфтаанд: “Ҳадафи “терррористони сурӣ”, ки имрӯз аз онҳо давлатҳои Ғарб пуштибонӣ доранд, нобуд сохтани мо масеҳиён дар ин кишвар мебошад.”
Тибқи иттилои манобеи интернетӣ 10 дарсади аҳолии Сурия пайравӣ дини масеҳият мебошад. Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия то кунун 60%-и масеҳиёни сурӣ ватани хешро тарк кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |