Дидори Қувватов бо фарзандонаш баъд аз раҳоӣ аз боздоштгоҳи Дубай
Усмоналии панҷсола, писари дувуми Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки ахиран аз боздоштгоҳе дар Дубай раҳо гардид, бо падараш дидор кардааст. Усмоналӣ, ки бо кумаки модараш аз Интернет истифода мекунад, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, тӯли ин муддат ҳамеша орзуи озодии падарашро дошт ва ҳатто барои раҳоии ӯ аз зиндон пари паррандаҳоро ҷамъоварӣ менамуд.
“Ман падарамро дар озодӣ дидаму хушҳол шудам. Рости гап, ӯро сахт пазмон шуда будам”,-гуфт Усмоналии панҷсола дар сӯҳбат бо мо. Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов, низ дидори бархе аз аъзои хонавода бо роҳбари “Гурӯҳи 24”-ро тасдиқ кард, вале аз ифшои сана ва макони дидор худдорӣ намуд. Вай гуфт, ҳоло Қувватов дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар яке аз кишварҳои дунёст, ки наметавонад ҷои будубошашро ошкор намояд.
“Дар сурати дарёфти паноҳандагӣ ҳатман ҳамаро огоҳ карда, баёнияҳо пахш хоҳад кард”,-афзуд ӯ. Бо ин ҳол, аксҳои зиёде аз дидори Қувватов бо фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, чандеи онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ ҷо гирифтаанд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай, ҳангоми сафараш ба Аврупо, боздошт ва то охири моҳи сентябр дар зиндон нигаҳдорӣ мешуд. Мақомоти Дубай гуфтанд, боздошти оқои Қувватов бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро - бар ӯҳда дошт.
Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, аз боздошт раҳо гардид. Вале мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, қазияи Умаралӣ Қувватов ниҳоӣ нашуда, додгоҳи Дубай низ дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |