Кишоварзон аз Узбакистон фирор мекунанд?
Се кишоварзи узбак бо далели иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии пахта аз Узбакистон фирор намудаанд. Дар ин бора бахши узбакии Радиои “Озодӣ” хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъи “Озодлик” Мухтор Бекимбетов, Анвар Исмоилов ва Ҳамидҷон Мирзоев, раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ноҳияи Туртқули Қарақалпокистон як ҳафта қабл аз тарси он ки онҳоро ба зиндон мекашанд, ба Русия ва Қазоқистон фирор кардаанд.
Сарчашмаи хабар гуфтааст, ин кишоварзон нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар ҳоли ҳозир танҳо 30-40 дар сад иҷро кардаанд.
Манбаъи "Озодлик" гуфтааст, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо мушоҳида мешуданд. "Соли гузашта Мақсуд Бобоҷонов ба таҳқиру бадгуиҳои намояндаҳои мақомот тоқат накарда ба Русия фирор кард”,-афзудааст ӯ. Ҳамчунин аз ду кишоварзи дигар, ки насабашон Ҳусанбой ва Қурбондурдӣ гуфта мешавад, ном бурдааст, ки аз тарс кишварро тарк намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи хабарҳои охирин Узбакистон ахиран барои фурӯши ҳосили пахтаи соли 2013-и худ як қарордоди миллиард долларӣ имзо кардааст. Матбуоти Узбакистон дар бораи фурӯши солонаи ҳосили пахта гузориш дода ва навиштааст, дар намоишгоҳи фурӯш, ки 16-17 октябр дар Тошканд баргузор шуд, Узбакистон 680 000 тон пахтаи худро фурӯхтааст. Бештар аз нисфи ин пахтаро ширкатҳои чинӣ харидорӣ кардаанд.
Бештари ширкатҳои Ғарб бо далели он ки дар чидани пахта мақомоти аз меҳнати кӯдакон фаровон истифода мебаранд, аз харидории пахтаи Узбакистон даст кашидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |