Кабирӣ: "Аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд"
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфтааст, агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд.
Ин нуктаро ӯ зимни дидор бо Бадеску Параскива, раҳбари ҳайати нозирони Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ОБСЕ) дар интихоботи президентии Тоҷикистон, баён кардааст. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, дар ин мулоқот масоили марбут ба раванди ҷамъоварии имзо, аз гузоштани имзо маҳрум шудани муҳоҷирони корӣ, наҳваи ширкати Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва авзои кишвар дар пешорӯи интихобот ба баррасӣ гирифта шудааст.
"Муҳиддин Кабирӣ нақши нозирони байналмилалиро дар назорати раванди интихобот муҳим дониста, ҳамзамон қайд кард, ки агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд”,-гуфт манбаъ.
Дар зимн, хонум Бадеску раиси ҲНИТ-ро оид ба масъулияти ҳайати нозирони байналмиллалӣ ва равиши корашон дар ҷараён гузошта, ишора кардааст, ки ҳадафи онҳо равандро дақиқ назорат намудан ва гузориши бетарафона омода кардан мебошад. Сардори нозирони САҲА афзуда, ки онҳо ҳаққи дахолат ба сиёсатҳои дохилиро надошта, танҳо тавсияҳои худро ироа мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |