Садамаи консули Афғонистон дар Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Кобул
Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, масъули консулгарии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, дар роҳ ба сӯи Кобул дар ноҳияи Қумсангир ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Консули Афғонистон мехостааст дар азои яке аз наздиконаш иштирок кунад.
Як манбаъ аз бемористони марказии ноҳияи Қумсангир, ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи 18 октябр ба “Озодагон” гуфт, Муҳаммад Зоҳир бино ба сабаби ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанаш ҳоло дар беморхона таҳти муроқабати табибон қарор дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, вазъияти масъули консулгарии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон феълан вахим арзёбӣ мешавад. “Шоми дирӯз, 17-уми октябр, Муҳаммад Зоҳир ҷарроҳӣ карда шудааст ва феълан ҳолаташ хеле вазнин мебошад”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |