Бахшҳо

ВИДЕО: 800 долларии Ҳукумов ба маҷруҳони садама ва нақли шоҳидон

Нилуфари КАРИМ

“Намояндагон”-и хонаводаи Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, аз вазъи маҷруҳони садамаи писари 16-солааш, ки шаби 9 октябр иттифоқ уфтода буд, хабар гирифтаанд. Аммо онҳо ба наздикони афроди маҷруҳ ному насаби худро нагуфтаанд.

Модари Шокир Маҳкамови 26-сола, яке аз маҷруҳон, ки вазъи саломатиаш нисбатан вазнин арзёбӣ мешавад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Баъд аз эродҳои мо, ки чаро худи аъзои хонаводаи муттаҳам ба ин садама аз ҳоли ҷабрдидагон хабар намегиранд, онҳо гуфтанд, ки “Расули Амонулло то дари беморхона омадааст, вале ҷуръат накардааст, назди ҷабрдидагон биёяд. Чун тарсидааст, ки хешовандони онҳо ғавғо хоҳанд бардошт.”

Мадина Аҳмедова дар бораи садамаи шаби 9 октябр:



Модари Шокир таъкид намуд, то ҳол қасди даъво аз болои Расули Амонуллоро надорад: “Гап танҳо сари он аст, ки модари он Расул ҳам зан - модар аст, аммо чаро боре аз ҳоли мо хабар намегирад?! Мо акнун Худо гуфта истодаем, ки фарзанди мо ҷон ба саломат барад. Ҳозир мо дар бораи ягон даъво аз ҷабрдидагон фикр ҳам карда наметавонем. Танҳо Худо гуфта истодаем.” Модари Шокир дар идома афзуд, шушу меъдаи писараш сахт лат хӯрда, дасташ аз ду ҷой ва пояш аз як ҷой шикастааст: “Ду ҷарроҳиро аз сар гузаронд ва ахиран ба бинои 4-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шуд. Аммо рӯзе пеш боз вазъаш вазнин шуда, аз нафаскашӣ монд ва оҷилан боз ба шуъбаи эҳёгарӣ оварда шуд. Интизор меравад, боз як бори дигар ҷарроҳӣ карда шавад.”

ВИДЕО: 800 долларии Ҳукумов ба маҷруҳони садама ва нақли шоҳидонДар мавриди кумаки молиявӣ аз ҷониби хонаводаи муттаҳам ба ин садама, модари Шокир афзуд, як бор 200, бори дувум 400 ва 17 октябр боз 200 доллари дигарро барои ҷарроҳии писараш додаанд. Аммо ӯ таъкид намуд, то омадани намояндагони хонаводаи Ҳукумовҳо ӯ барои муолиҷаи писараш беш аз 700 доллар харҷ намудааст. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Озодагон” Мадина Аҳмедова ва Азиза Рӯзиева, ҷабрдидагони дигари садамаи Расули Амонуллоро, ки дар бинои 4-уми Қарияи Боло бистариянд, аёдат кард. Мадина Аҳмедова, ки вазъаш нисбатан хуб аст, тасдиқ намуд, ки рӯзи Ид намояндагони хонаводаи Ҳукумовҳо, ки номашонро намегӯянд, аз ҳоли онҳо хабар гирифта, ба ӯ низ дар маҷмуъ 800 доллари амрикоӣ барои муолиҷа партохт кардаанд: "Аммо ба ман ягон чиз аз онҳо даркор нест. Саломатии пешинаамонро дигар ҳеч кас барқарор намекунад. Дигар аз кор ҳам, ки дар хонаи як варзишгар ба ҳайси мураббӣ кор мекардам, мондам. Бо як фарзанди чорсолаам иҷорашинам, модари танҳоям ва акнун бо ин ҳолам намедонам, баъд аз рухсатӣ аз беморхона чӣ кор мекунам."

Мадина Аҳмедова аз тарбият дар хонаводаи Ҳукумовҳо шикоят кард, ки чӣ гуна иҷозат додаанд, фарзанди ноболиғашон нисфи шаб дар кӯчаҳо мошинронӣ бикунад: "Моро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум мекунанд, ки нисфи шаб дар кӯчаҳо чӣ кор мекунем ва гӯиё мо бо маъшуқҳоямон будем. Мо он шаб, дугонаамон, Сурайёро, ки дар ҷойи ҳодиса фавтид, вохӯрдем. Ӯ низ таъминкунандаи оилаашон буд ва нияти ба Русия рафтанро дошт. Мо барои гусели ӯ он шаб гирди ҳам омадем, чун кори ӯ шабона буд. Дар роҳ он мошинро, ки баъдан фаҳмидем, дар сари чанбаракаш писари раиси чойхонаи "Роҳат" будааст, дидем ва пурсидем, ки Шумо таксиед? Ронанда бале апаҷон гуфта, моро савор кард. Мо сари чорроҳа расидем ва ба садама дучор шудем. Он БМВ-ро мо ҳатто надидем, ки аз куҷо пайдо шуд. Дигар фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки маро оғӯштаи хун аз мошин берун оварданд. Он ронандаи БМВ-ро он ҳолат ман дар ҷои ҳодиса надидам."

ВИДЕО: 800 долларии Ҳукумов ба маҷруҳони садама ва нақли шоҳидонВазъи ҷабрдидаи дигар, Азиза Рӯзиева низ муътадил арзёбӣ мешавад. Гулнора -- модари Азиза ба "Озодагон" гуфт, пойи духтараш шикаставу аз миёну дарунаш лат хӯрдааст. Модари Азиза ҳам аз он шиква кард, ки ягон узви хонаводаи Амонулло Ҳукумов ба аёдати онҳо наомада ва танҳо намояндагони номаълуми худро равон кардаанд: "Пулу молро ёфта мешавад. Аммо мо саломатии фарзандонамонро барқарор карда наметавонем. Ҳоло духтарам пояшро ҷунбонда наметавонад. Кӣ медонад, ки дар оянда чӣ мешавад?"

Аммо худи Амонулло Ҳукумов, раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” дар ин мавзуъ худдорӣ намуда, гуфт, хеле банд аст ва суҳбатро ба вақти дигар гузошт. Садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов шаби 9 октябр дар маркази Душанбе иттифоқ афтода, се кушта бар ҷой гузошт. Ҳарчанд дар ин садама писари раиси чойхонаи “Роҳат” ва як пайванди ӯ ҳам ҷон бохтанд, вале ӯ дар як сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар ин маврид аз болои Расули Амонулло даъвое надорад.

Садамаи маргбори писари Амонулло Ҳукумов дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор оварадаст. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин барои бори дувум аст, ки номи фарзандони Амонулло Ҳукумов дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир ва ҳукми зиндонаш дар Русия дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.
Мӯҳр
ПУЛХОЯТОн АЗ САРАТ МОНАНД......

Вокеан дарднок бояд пеши рохи ин хама бедодгарихои фарзандони рохбаронро гирифт. ФАРОМУШ НАКУНЕД КИ ХУКУМАТ ДАР ДАСТИ МОСТ ПУЛХОИ КАЛОН ДОРЕМ ЧИКОРЕ ХОХЕМ МЕКУНЕМ. На ФАРОМУШ НАКУНЕД, КИ ХУДО ХАСТ БАР ХАМА КОРИ МО ОГОХ! Чикадар ба калонгари, бедодгари рох дихед ва чикад ба болои боло баланди барои фаромуш накун Худо мезанад ба чукурии чукур даромада мерави. Хайфо ин нафарони гаррашуда фикр мекунанд дигар хукумат абади дар дасти онхосту то абад зинда мемонанд. КАЛТАКИ ХУДО САДО НАДОРАД, БАЪД АЗ ЗАДАНАШ ДАВО НАДОРАД. Бо умеди тавфик Шер!

Бояад шумо бо аеодати писарий хукумув мерафтед бояад шумо мерафтед узур мепурсидед аз ХОНАДОНИЙ ХУКУМОВХО ВАЕО ХУКУМАТ ДОРАН ШУМОЧИЙ ДОРЕН ХИЧИ ВАЕО ЧАНОБ ДОРАН ШУМО ЧИ ДОРЕН ХИЧИЙ

Дилсӯзи тоҷикон
Пули мардумро медузданду пулмаст мешаванд ва бо бо ғурур ба мардуми "паст" менигаранд! Имрӯз бошад мехоҳанд бо долларҳояшон даҳони мардумро банданд!
Худо ҳамаашро мебинад!

Хукумвхо одатий бахушиш пурсиро надоранд бояад мачрухон бахонаи ин котил биеояанд бахушиш пурсанд пулий БМВ РО БАРКАРОР КУНАНД

Косим
Падар беаклу бе тарбия ки хаст аз фарзандонаш гила кардан чи даркор?

Бигзор баррасии казия бо тантанаи адолат ба анчом расад. Яъне Расулбой ба хадди лозимии чазои конуни гирифтор шавад. Ба ин бовари хам аст. Аммо дустони азиз, як кисми сабабхои ин фочиаро дар амали чониби чабрдида хам дидан мумкин аст. Мутмаинам, ки ин ..духтарон беибо ва бохузур дуруг гуфтаистодаанд. Дакиктараш ин, ки "Соати -2 дар кучаи шахр духтари сохибдор бе махрам номаъкул карда мегардад? Ки медона, ки аз кучо омадану дар кадом холат будан? Хайфи ронанда, ё ки ин бародарам аз аввал хамрохи онхо буда, аккалан ягон бор дастша пеш кадагиай? Намедонам, номаълум!" Ба хар хол мо мусулмонон ин сабахоро низ бояд нодида нагирем. (танхо барои хулосабарори на барои кабули карор)

Дехкон
ТО ВАКТЕ,КИ ИН ХУКУМАТ ДАР САРИ КУДРАТ ХАСТ, ИН БЕДОДГАРИХО ВА НОАДОЛАТИХО БОКИ МЕМОНАД.

Долларот ай сарут мона. У бечорахоя бо $ саломатишона баркарор карда мешава? Чавонмаргора чи? Бо $ умри дубора дода метони? Не! Харгиз. Расули 16 сола(!) ай кчо сохиби мошин сохиби права шид? Боз ура сраза Германия фирсондай. Ку адолат, ку ку?

Сайрандеш,
наход Амон милён 800$ тияд, хайфи ту барин милярдер, як ракосада чан хазор долар метии акалан як пачкаги сад доларашон наметии, ба фикрм хонаи мурдагихода 1000$ и метиян чи

рости гап да и шаби кабри падарашонро мекобанд, аввалаш насиб баъд ин нам Худо нишон додаги , хамаашонба , Худо магфират кунад хамаи моро.омин

13
Ба шер.
Аз харфнависиат маълум сар проблема дорад. Ё чилёсин ё Куктош.

memurdi aku bo chi nola dori
Rustam Rustamov,

puli harom moshini harom farzandi be tarbiya kambaqalon yku ykbora puli didan az hamai chiz faromusht kardand.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)