“Ҳазору як дунё”, маҷаллаи кӯдакона бо ҳуруфӣ форсӣ ва кириллӣ
Дӯстдорону ҳаводорони забони порсӣ боз як маҷаллаеро ба хотири рушду густариши ин забон дар саросари дунё ба нашр расониданд.
Ин маҷалла, ки дар олами маҷозӣ, рӯи саҳифаи интернетие ба табъ мерасад,[b] номгузорӣ шуда, барои кӯдакони порсизабони аз 7 то 12-сола бо ду хат - кириллӣ ва форсӣ - ба таври ройгон роҳандозӣ гардидааст.
Ба гуфтаи Маҳини Даврон, масъули баргардони матнҳои ин маҷалла дар Душанбе, мубтакирони ин маҷалла Киёраш Порсо Олипур ва Морол Короӣ, завҷи эронӣ аз Қибрис мебошанд. Ин хонаводаи эронӣ ҳадаф аз ин иқдоми хешро дар Маромномаи маҷалла чунин арзёбӣ кардаанд: “Мехоҳем, дар фазои интернетӣ матолиби муносиби кӯдакони форсизабонро тавлид ва мунташир кунем. Мехоҳем, пуле фарҳангӣ бошем миёни кӯдакони форсизабон дар саросари ҷаҳон.”
Инчунин таъкид шудааст, ин маҷалла пойбанди ягон ҳадафи сиёсӣ ва баёнгари ақоиди кадом як гуруҳе намебошад ва фаъолияти он бар асоси муҳтавои Эъломияи ҳуқуқи башар дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба роҳ монда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |