ШҶЭ: Захоири нафти ҷаҳон баъди ним аср тамом мешавад
Тамоми захоири нафти ҷаҳон танҳо барои 56 соли дигар мерасад. Ба ин хулоса пажуҳишгарони Шӯрои ҷаҳонии энержӣ (ШҶЭ) расидаанд.
Дар гузориши солонаи ШҶЭ гуфта мешавад, захираҳои нафти Русия танҳо барои 15 соли оянда басанда аст.
Бино ба иттилои пажуҳишгарон дар қаъри замин 223 миллиард тонна нафт ва 209 трилион метри мукааб газ мавҷуд аст. Бо таваҷҷуҳ ба мизони феълии истифодаи ин захоир ин нишондод танҳо барои ним аср кофӣ аст.
Ба ҷуз ин ҳама захираи ангишт дар ҷаҳон барои 100 соли дигар мерасад. Ба гуфтаи ШҶЭ бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ин захираҳо хеле фаъол истифода мебаранд. Масалан, дар Хитой 79 дар сади неруи барқ бо истифода аз сузонидани ангишт ба даст меояд. ИМА бошад, бо ин роҳ наздики 40 фисади ниёз ба барқашро бароварда мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |