Додгоҳ нахостааст, наздикони З.Саидов бо “ҷабрдидаҳо” рӯбарӯ шаванд
Додгоҳ қарор кардааст, то анҷоми баррасии моддаи марбут ба таҷовуз наздикони Зайд Саидов ҳаққи ширкат дар мурофиаи додгоҳиро надоранд.
Дар сӯҳбат бо “Озодагон” яке аз наздикони Зайд Саидов гуфт, ки қабл аз оғози баррасии моддаи 138 –и марбут ба таҷовуз, онҳоро дар ин бора огоҳ кардаанд. Ба гуфтаи сарчашма мақомот дар пайи ин дархости худ гуфтаанд, ки мурофиаи мазкур бояд пӯшида сурат бигирад ва ҳеч кас, ҳатто наздикони Зайд Саидов ҳаққи рӯ ба рӯ шудан бо духтарони гӯиё ҷабрдидаро надоранд.
Мурофиаи додгоҳии соҳибкори боздоштшуда, Зайд Саидов аз 12-уми сентябр шурӯъ гардида, то ин замон моддаҳои марбут ба қаллобӣ, пора ва сӯиистифода аз мақом мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. То ин замон дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 9 модда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар ду ҳолати таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Зайд Саидов ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо духтарони гӯиё ҷабрдида ҳатто шиносоӣ бо онҳоро рад кардааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, баъд аз эълони тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳам дар ҷараёни тафтиши парванда ва ҳам дар толори додгоҳ тамоми онро рад кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |