Садамаи дигари маргбор бо иштироки ноболиғу мошини гаронарзиш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи гузашта, 16-уми октябр, як садамаи дигари маргборро сабт кардааст, ки дар пайи сари чанбараки мошин нишастани ноболиғ сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ ноболиғ Абдурашидов Умар Наҷмиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рудакӣ, хонандаи мактаби миёна, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ба сари чанбари автомашинаи тамғаи «Аудӣ», ки ба падараш Абдурашидов Наҷмиддин Эшбуриевич тааллуқ дорад, нишастааст: “Ин ноболиғ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Султонободи ноҳияи Рудакӣ, аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Анақулова Гулсара Ҳаиталиевна, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Гулоби ноҳияи Рудакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |