АКС: Қозидавлат Қоимдодов ҳамроҳи писараш дар яке аз хиёбонҳои Душанбе
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1381999141_223.jpg)
Хабарнигори “Озодагон” рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ тасодуфан дар яке аз хиёбонҳои Душанбе Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорусро дида, дарҳол аксбардорӣ кардааст. Дар ин аксе, ки ҳоло мебинед, аз тарафи рост Қозидавлат Қоимдодов ва аз қафои ӯ писараш истодаанд.
Як манбаи мӯътамад гуфт, ин писараш Қоимдод Қоимдодов аст, ки 16 сентябр ба гумони даст доштан дар интиқоли дуним кило ҳероин ба Маскав дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Ҳарчанд аз ин воқеа як моҳ бештар сипарӣ гардид, вале иттилои дақиқ дар бораи сарнавишти 2,5 кило ҳероин ва соҳиби он чизе гуфта намешавад.
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 17 октябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, агарчӣ баррасии ин қазияро ба поён бурдааст, вале ҳоло наметавонад ҷузъиёташро ошкор кунад. Хабарнигори “Озодагон” дар ҳоле оқои Қоимдодовро дар яке аз хиёбонҳои Душанбе дидааст, ки авохири моҳи сентябр аз сафорати Тоҷикистон дар Беларус гуфта буданд, ӯ ба рухсатии меҳнатӣ баромадааст.
Рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода буд, ки Қоимдод Қоимдодов -- писари Қозидавлат Қоимдодов дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. Манбаъ гуфта буд, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав 2,5 кило ҳероинро интиқол бидиҳад. Вай дар ин сафар танҳо набуда, ҳамроҳи ҳамсараш будааст.
Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.
![АКС: Қозидавлат Қоимдодов ҳамроҳи писараш дар яке аз хиёбонҳои Душанбе АКС: Қозидавлат Қоимдодов ҳамроҳи писараш дар яке аз хиёбонҳои Душанбе](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/thumbs/1381999094_112.jpg)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |