Дар Тоҷикистон 23 ҳазору 802 нафар ғуломвор зиндагӣ мекунанд

Тоҷикистон дар раддабандии сатҳи ғуломдорӣ дар ҷаҳон- “Global Slavery Index 2013”, дар мақоми 70-ум қарор гирифтааст.
Ин раддабандӣ, аз сӯи Созмони ҳуқуқии “Walk Free Foundation” омода шуда, дар он сатҳи ғуломдорӣ дар беш аз 160 кишвари дунё мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Омодакунандагони ин гузориш мегӯянд, ҳамон қадаре, ки номи кишвар дар ин радабандӣ поин бошад, ҳамон қадар вазъаш беҳтар унвон мешавад.
Бар асоси “Global Slavery Index 2013”, дар Тоҷикистон теъдоди афроде, ки ғуломвор ба сар мебаранд, ҳадди ақал 23 ҳазорро ташкил дода, шумораи эҳтимолии онҳо метавонад аз ҳадди 25 ҳазор низ бештар бошад. Дар ҳамин ҳол гузоришгарон аз вуҷуди 23 ҳазору 802 афроди ғуломвор дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар вазъият дар Қазоқистон сабт шудааст, ки ғуломдорӣ дар ин кишвар кам ба назар мерасад. Акси ин ҳол бошад дар Узбакистон дида мешавад, ки бо нишондоди 166 ҳазору 600 ғуломи эҳтимолӣ дар мақоми 47-ум қарор дорад. Мақоми 83-уми радабандии мазкур насиби Турркманистон шуда, ба Қирғизистон ҷойи 81-ум рост омадааст.
Дар радабандӣ оид ба ғуломдорӣ дар ҷаҳон номи Мавритания, Гаити, Покистон, Ҳиндустон, Непал, Молдавия, Бенин Кот-д'Ивуар, Гамбия ва Габон дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Аз Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Люксембург, Норвегия, Шветсия ва Швейтсария ба унвони кишварҳои даҳгонаи аз ғуломӣ озод ном бурда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |