Густариши носкашӣ дар Русия ва тасмими Думаи давлатӣ
“Носкашӣ”, омиле, ки алайҳи муҳоҷирон дар Русия истифода мешавад, ба гузориши расонаҳои русӣ ахиран миёни наврасони ин кишвар низ густариш ёфтааст. Тибқи хабарҳо дар Русия аксари наврасон ба хотири раҳоӣ аз чанги сигор рӯ ба нос овардаанд.
Бархе аз наврасони рус дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “ИноТВ” гуфтаанд, гароиши онҳо аз сигор ба нос далели дигаре ҳам дорад, ки нос ҳам арзон ва ҳам таъсирноктар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин шабакаи телевизионии Русия, масъулони Вазорат ва муассисаҳои тандурустии ин кишвар аз рӯй овардани наврасони худ ба носкашӣ ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, бархе аз носфурӯшон барои ҷалби бештари муштарӣ ба носи худ маводи мухаддири сахттаъсири дигар, аз қабили бангу героинро низ илова мекунанд, ки он ҷавононро оқибат муътод хоҳад кард.
Аз сӯи дигар вакилони Думаи Русия тасмим доранд, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунандаи ин кишвар мубориза бо носро шадидтар намоянд. Вале коршиносони рус бар инанд, ки қабули чунин як қонуне ба манфиат нахоҳад буд, чун мисли дигар қонунҳо рӯи коғаз боқӣ хоҳад монд.
Нос як навъи тамоку мебошад, ки миёни мардуми Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон маъруфият дорад. Ба гуфтаи фурушандаҳои он, нос аз тамокуи хушк омода мешавад, ки ба он об, хокистари дарахти бед ва оҳакро низ илова мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |