Узвияти Расул Боқиев ва Комроншоҳи Устопириён ба ҲХДТ
Як гуруҳ аз дзюдочиёни Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ узвияти Ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро ба даст овардаанд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “беш аз 10 дзюдочии тоҷик барои ба сафи ҲХДТ пайвастан муроҷиат намуда, ариза пешниҳод карданд.” Ин иттилоъро Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард.
Ба ин тартиб, варзишгарони маъруфе ба мисли Саидаҳтам Раҳимов, Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён ва Шамс Киромов ба сафи ҳизби ҳоким пайвастаанд. Усмон Солеҳ мегӯяд, “ин иқдоми варзишгарон дар остонаи интихобот бартариву афзалияти ҲХДТ-ро нишон медиҳад. Ин анъана миёни варзишагарон маъруф аст, зеро ба наздикӣ зиёда аз 13 варзишгар аз ноҳияи Панҷ низ муроҷиат карда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд.”
Ёдовар мешавем, соли гузашта низ 25 бозигарон ва кормандони дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб узвияти ҲХДТ-ро ба даст оварда буданд. Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият дорад, ки ҲХДТ бо бештар аз 200 ҳазор узваш дар мақоми аввал меистад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |