АКС: Клинтонро барои ин кораш ҷарима бастанд. Дар Тоҷикистон чӣ?
Ҳиллари Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии ИМА-ро барои нодуруст нигоҳ доштани мошинаш дар Лондон ҷарима бастаанд.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ Ҳиллари Клинтон “Мерседес”-ашро дар назди бинои Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии шоҳигарӣ, дар маркази пойтахти Бритониёи Кабир нигоҳ доштааст. Маблағи таваққуф дар ин қисмат 3,3 фунт стерлинг, муодили 5,2 доллар дар як соатро ташкил медиҳад, аммо худрави собиқ котиби давлатии ИМА бидуни пардохти маблағ 45 дақиқа онҷо будааст. Нозири роҳ барои ин кор ӯро 80 фунт стерлинг, муодили 127 доллар ҷарима бастааст.
Аммо дар Тоҷикистон сари ҳар қадам шоҳиди нодуруст нигоҳ доштани мошин мешавем. Махсусан дар пойтахти кишвар чунин ҳолат хеле зиёд ба назар мерасад. Маъмултарин ҳолат дар роҳи пиёдагардон нигоҳ доштани мошинҳо аст. Хабарнигори “Озодагон” ҳам аз роҳҳои асосии шаҳр дур нарафта чанд акс бардошт, ки ҳоло пешниҳоди Шумо мешавад. Агар назар ё пешниҳоде доред, зери он бинависед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |