Бонки аврупоӣ ба “Фортуна”-и Хуҷанд $900000 дод
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои як ширкати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти чубӣ, аз ҷумла дару тиреза машғул аст, 900 ҳазор доллари амрикоӣ додааст.
Улф Хинстром, роҳбари дафтари ин бонк дар Тоҷикистон мегӯяд, “Фортуна” аз соли 1996 инҷониб дар бозори маҳсулоти чубӣ фаъолият дорад, аммо ахиран дар пайи куҳна шудани таҷҳизот, ин корхона рӯй ба таназзул ниҳод: “Бозори маҳсулоти чубӣ,аз ҷумла дару тиреза ва сохтмон дар Тоҷикистон бо суръати баланд рӯй ба рушд ниҳодааст. Мо барои дастгирии ин ширкат, пешниҳоди маҳсулоти хуб ба бозор ва дар маҷмуъ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон ин маблағро ироа кардем.”
Дадо Очилов, асосгузори “Фортуна” гуфтааст, ин маблағи бонки аврупоӣ барои устувор намудани мавқеашон дар бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |